Маснавии маънавӣ. Дафтари чорум

Маснавии маънавӣ. Дафтари чорум. Ҷалолуддини Балхӣ

Саҳифаҳо
223
Забон
Нашр дар сомона
03.07.2026

Дар бораи китоб

Ин дафтар чаҳорумин сафар ба сӯйи беҳтарин манзилгоҳҳо ва бартарин фоидаҳост. Дилҳои огоҳон аз хонданаш шод мешавад, ҳамчун шодии боғҳо аз овози абрҳо ва ҳамчун унси чашмҳо ба покии хоб. Дар он нишоти рӯҳҳо ва дармони ҷисмҳост ва чунон аст, ки покдилон бад-он майлу ҳаво доранд ва раҳравон онро меҷӯянд ва орзу мекунанд. Барои чашмҳо оромиш ва таскин аст ва барои равонҳо шодӣ. Покизатарини меваҳост барои касе, ки бичинад ва дар он бузургтарин орзуҳо ва хостҳоро метавон ёфт. Беморро ба дармонгари дардҳояш мерасонад ва ошиқро ба маҳбубаш роҳ менамояд ва ситойиш Худойро, ки ин худ аз бузургтарин мавҳибатҳо ва гаронбаҳотарин ҳадяҳост. Ин китоб навкунандаи паймони муҳаббат ва осонкунандаи душвории гирифторон аст. Нигаристан дар он барои онҳо, ки аз роҳи Ҳақ дуранд, ғамафзост ва барои онҳо, ки саодати роҳи Ҳақро ёфтаанд, шодиву шукргузоришонро меафзояд. Дар синаи ин китоб гавҳарҳоест, ки бар синаҳои занони хушовоз наметавон дид, подошест барои онҳо, ки дониши илоҳӣ доранд ва дар кори Худоянд ва ҳамчун моҳи тамомест баромада ва чун бахте, ки бозомада. Бар умеду орзумандии Ҳақҷӯён меафзояд ва дар онҳо, ки аҳли амал дар роҳи Ҳаққанд, ҷӯёӣ ва талабро бештар мекунад. Ҳангоме, ки ҷӯёии банда фурӯкаш кунад, онро бармекашад ва агар умеди ӯ дучори тангиву дарҳамрафтагӣ шавад, онро мегушояд, монанди хуршеде, ки чун абрҳо пароканда шаванд, аз миёни онҳо медурахшад. Нурест барои ёрони мо ва ганҷест барои ояндагон ва фарзандони мо ва аз Худо металабем, ки моро ба шукри он тавфиқ диҳад ва ростӣ шукр, он чиро ба даст омада, чун қайд нигаҳ медорад ва мӯҷиби афзунии он мешавад ва он ҳам ҷуз он ки Парвардигор ирода мекунад, нахоҳад буд.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Маснавии маънави. Дафтари чорум Маснавии маьнави. Дафтари чорум Маснавии манави. Дафтари чорум, Чалолуддини Балхи, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).