PDF
Маснавии маънавӣ. Дафтари сеюм. Ҷалолуддини Балхӣ
Дар бораи китоб
Ҳикмат ва илми асрори илоҳӣ сипоҳиёни Парвардгоранд, ки бад-он рӯҳи муридонро нерӯ мебахшад. Дониш онҳоро аз шоибаи нодониву додгарӣ, онҳоро аз шоибаи ситаму бахшандагӣ, онҳоро аз шоибаи риёву бурдборӣ, онҳоро аз шоибаи бехирадӣ пок мекунад ва он чиро аз дарёфти охират аз эшон дур аст, ба эшон наздик месозад ва он чиро аз ибодату кӯшиш дар роҳи Ҳақ бар онҳо душвор аст, осон мекунад. Ва ин гуна ҳикмат натиҷаи суханони равшани паёмбарон ва далойили онҳо дар исботи вуҷуди Парвардигор аст, суханону далойиле, ки аз асрори Парвардигор огоҳӣ медиҳад ва аз қудрати ӯ, ки ин огоҳӣ аз асрору салтанати илоҳӣ вижаи мардони дилогоҳ аст ва низ ҳамон баййиноту далойил моро огоҳ мекунад, ки Парвардигор чӣ гуна он осмони нуронии равшан ба нури Худои раҳмон ва дурахшанда чун донаи марворидро мегардонад, осмони нуронӣ, ки бар ин осмони тираи гӯймонанд ҳоким аст, ҳамон гуна ки хирад бар ин суратҳои хокиву ҳавосси зоҳиру ботини мавҷудот фармон меронад, бинобар ин гардиши он осмони рӯҳонӣ (лоҳут) бар ин осмони дудӣ ва тира бар шиҳобҳои дурахшону ситорагони равшан ва насимҳои ҳаётбахшу заминҳои густурда ва обҳои равони даруни он фармон меронад. Умед, ки Парвардигор бандагонашро аз ин ҳикматҳо бархурдор созад ва фаҳми онҳоро фузунӣ бахшад ва албатта ҳар хонандае ба андозаи хирад ва ҳушёрии худ онро мефаҳмад ва ҳар порсое муносиб бо тавоноии худ парҳезгорӣ мекунад ва ҳар соҳибфатвое дар ҳадди диду идроки худ фатво медиҳад ва он ки садақае медиҳад, ба андозаи тавони худ медиҳад ва он ки мебахшад ба андозае, ки дорад, мебахшад ва он ки ба ӯ мебахшанд муносиб бо огоҳии худ аз лутфи бахшанда чизе ба даст меоварад ва аммо он ки дар биёбон дар ҷустуҷӯйи об аст, агар аз оби дарёҳо огоҳ бошад, ба далели ин огоҳӣ аз ҷустуҷӯйи об кӯтоҳӣ намекунад ва (дар биёбони ин зиндагии ҷаҳони хокӣ) барои ёфтани оби ҳаёти рӯҳонӣ мекӯшад, пеш аз он ки иштиғол ба гузарони ин ҷаҳон ӯро аз он ҷустуҷӯйи оби ҳаёт боздорад ва бемориву ниёзи ин кӯшиш ва ҷустуҷӯро вопас афганад ва ғаразҳо миёни ӯ ва он чӣ ба сӯяш мешитобад, ҳойиле падид оварад ва касе, ки ҳавои нафсро бар ин огоҳӣ аз асрори ҳақ тарҷеҳ медиҳад, ба чунин огоҳӣ намерасад ва ҷӯяндаи таносонӣ ва он ки аз талаби чунин маърифате рӯй бигардонад ва он ки нигарони хештан бошад ва он ки эҳтимоми худро масруфи маишати ин ҷаҳон созад, низ бад-он даст намеёбад, магар он ки чунин касе худро ба Парвардигор супорад ва динашро бар дунёяш тарҷеҳ диҳад ва амволе аз ганҷи ҳикмати илоҳӣ баргирад, ки на аз арзиш меафтад ва на чун мероси амволи ин ҷаҳон ба дигаре бозмемонад ва аз ҳамон ганҷ равшаниҳои гаронмоя ва гавҳарҳои пурбаҳову доройиҳои арзишманд баргирад, лутфи Ҳақро сипос гӯяд, қадри ӯро бузург дорад ва азамати ӯро биситояд ва паноҳ ба Худо барад аз пастии лазоизи инҷаҳонӣ ва аз ончунон ҷаҳле, ки андаки ӯро дар назараш бисёр намояд ва бисёри дигаронро андак ва аз ин ки худро бад-он чӣ Ҳақ напазируфтааст, биситояд. Ва бар донои ҳақҷӯ воҷиб аст, ки он чиро намедонад, биёмӯзад ва он чиро медонад ба дигарон омӯзад ва бо онҳо, ки зеҳни тавоно надоранд, мадоро кунад ва аз кундзеҳнии кавданон худро бузург бинад ва ба онҳо, ки фаҳми тез надоранд, маломат ва тундӣ накунад «чунон ки шумо мардум дар гузашта чунин будаед ва Парвардигор бар шумо миннат ниҳод ва шуморо ба роҳ овард», Парвардигоре, ки пок аст ва волотар аз он аст, ки дар гуфтаҳои бединон ва ширки мушрикон мебинем ва дар суханони ноқисоне, ки мехоҳанд нуқсе бар ӯ бибанданд ва асҳоби ташбеҳ, ки ӯро ба умури инҷаҳонӣ ҳамонанд мекунанд ва мутафаккироне, ки дар бораи ӯ дучори авҳоми норавоянд ва хаёлбофоне, ки барои Ҳақ кайфиёт ва сифоти инҷаҳонӣ қойиланд ва ман он Парвардигорро меситоям ва бузург медорам, ки маро дар талфиқи ин китоби «Маснавӣ»-и илоҳии раббонӣ ёрӣ додааст ва тавфиқдиҳандаву лутфкунанда ӯст ва ӯро қудрату бузургворист, ба вижа бар бандагони дилогоҳаш ба рағми гурӯҳе, ки «мехоҳанд бо сухани худ нури Парвардигорро фурӯ нишонанд ва Парвардигор ба камолрасонандаи нури хеш аст, гарчи кофирон нахоҳанд» ва мефармояд, ки «ростӣ мо Қуръонро фиристодаем ва мо нигаҳбони он ҳастем» ва «агар касе пас аз шунидани он бихоҳад онро дигаргуна созад бегумон гуноҳ бар гардани чунин касонест ва Парвардигор шунаво ва огоҳ аст» ва ситоиш бар Парвардигори ҷаҳониён ва дуруди ӯ бар сарвари мо Муҳаммад ва ҳамаи хонадон ва ёрони поку покизааш, ба раҳмати ту, эй меҳрубонтарин раҳматкунандагон.