Маснавии маънавӣ. Дафтари панҷум

Маснавии маънавӣ. Дафтари панҷум. Ҷалолуддини Балхӣ

Саҳифаҳо
252
Забон
Нашр дар сомона
03.07.2026

Дар бораи китоб

«Ва биҳи настаъину ва ъалайҳи натаваккалу ва ъиндаҳу мафотиҳу-л-қулуби ва саллаллоҳу ъала хайри халқиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин» Ин муҷаллади панҷум аст аз дафтарҳои «Маснавӣ» ва табёни маънавӣ, дар баёни он ки шариъат ҳамчу шамъ аст, раҳ менамояд ва бе он ки шамъ ба даст оварӣ, роҳ рафта нашавад ва чун дар роҳ омадӣ, он рафтани ту тариқат аст ва чун расидӣ ба мақсуд, он ҳақиқат аст ва ҷиҳати ин гуфтаанд, ки: «Лав заҳарати-л-ҳақойиқу баталати-ш-шаройиъу» ҳамчунон ки мис зар шавад ва ё худ аз асл зар бувад, ӯро на илми кимиё ҳоҷат аст, ки он шариат аст ва на худро дар кимиё молидан, ки он тариқат аст, чунонки гуфтаанд: «Талабу-д-далели баъда-л-вусули ила-л-мадлули мазмумун». Ҳосил он ки шариат ҳамчун илми кимиё омӯхтан аст аз устод ё аз китоб ва тариқат истеъмол кардани доруҳо ва мисро дар кимиё молидан аст ва ҳақиқат зар шудани мис. Кимиёдонон ба илми кимиё шоданд, ки мо илми ин медонем ва амалкунандагон ба амали кимиё шоданд, ки мо чунин корҳо мекунем ва ҳақиқатёфтагон ба ҳақиқат шоданд, ки мо зар шудем ва аз илму амали кимиё озод шудем, «утақоъиллоҳ»-ем. «Куллу ҳизбин бимо ладайҳим фариҳун». Ё мисоли шариат ҳамчу илми тиб омӯхтан аст ва тариқат парҳез кардан ба мӯҷиби тиб ва доруҳо хӯрдан ва ҳақиқат сиҳат ёфтани абадӣ ва аз он ҳар ду фориғ шудан. Чун одамӣ аз ин ҳаёт мирад, шариату тариқат аз ӯ мунқатеъ шавад ва ҳақиқат монад. Ҳақиқат агар дорад, наъра мезанад, ки: «Ё лайта қавми яъламуна бимо ғафара лӣ рабби» ва агар надорад наъра мезанад, ки: «Ё лайтанӣ лам увта китобия ва лам адри мо ҳисобияҳ. Ё лайтаҳо конати-л-қозията, мо ағно ъаннӣ молияҳ, ҳалака ъаннӣ султония». Шариат илм аст, тариқат амал аст, ҳақиқат «ал-вусул илаллоҳ». «Фаман кона йарҷу лиқоа раббиҳи фа-л-яъмал ъамалан солиҳан ва ло йушрик би ъибодати раббиҳи аҳадан ва саллаллоҳу ъала хайри халқиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва саҳбиҳи ва ъитратиҳи ва саллама таслиман».

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Маснавии маънави. Дафтари панчум Маснавии маьнави. Дафтари панчум Маснавии манави. Дафтари панчум, Чалолуддини Балхи, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).