PDF
Маснавии маънавӣ. Дафтари якум. Ҷалолуддини Балхӣ
Дар бораи китоб
Ин китоби «Маснавӣ» аст, ки усули усули усули дин аст. Дар бораи кашфи розҳои вусул ба ҳақиқат ва расидан ба мартабаи яқин аст. Ва дониши бузурги худовандӣ аст. Ва роҳи равшани худопарастӣ аст. Ва ошкортарин бурҳони худошиносӣ аст. «Рӯшноии он монанди фонусест, ки дар он чароғе бошад», чароғе, ки равшантар аз бомдодон нур бияфшонад. Ин китоб биҳишти дил аст, чашмаҳо ва шохсороне дорад ва аз он миён чашмаест, ки равандагони ин роҳ ба он Силсабил мегӯянд ва соҳибони мақомот ва каромот ин биҳиштро барои мондан ва осоиши рӯҳ беҳтарин ҷой медонанд. Некон дар ин биҳишт мехӯранд ва менӯшанд ва озодагон аз он кушодахотир ва шодмон мешаванд. Ин китоб чун рӯди Нил барои шикебоён нӯшидане гуворо ва барои фиръавниён ва худоношиносон рашку ҳасрат аст, чунонки дар каломи Худо мехонем: «Ба он бисёре аз касонро гумроҳ мекунад ва бисёреро ба роҳ меоварад» ва ин китоб дармони синаҳои дардманд аст ва зудояндаи зангҳои андӯҳ ва розгушои Қуръон ва фаровонкунандаи рӯзиҳои маънавӣ ва мӯҷиби поксозии хӯйи одамиён, «ба шарти он ки дар дасти паёмгузорони бузургвору некӯкор бошад», ки нагузоранд «ҷуз покон касе ба он даст бизанад» ва бадонанд, ки «ин фуруд омада аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён аст» ва «пеша аз он ё пас аз он ҳеч сухани дигаре, онро дигаргун ё мансух нахоҳад кард» ва Худованд ин китобро нигоҳ медорад «ва ӯ беҳтарин нигаҳдоранда ва аз ҳамаи меҳрубонон нармдилтар аст». Барои ин «Маснавӣ» алқоби дигаре ҳам ҳаст, ки Худованд бар он ниҳодааст ва мо ба ҳамин мухтасар суханро кӯтоҳ кардем ва ин мухтасар худ нишонаи бисёр аст ва ин ҷуръа ба обгире раҳ менамояд ва ин як мушт сухан аз хирмани гарон мегӯяд.