Се барги сабз. Баргузидаи ҳикояҳо

Се барги сабз. Баргузидаи ҳикояҳо. Юнуси Имомназар ва дигарон

Сол
Саҳифаҳо
228
Забон
Нашр дар сомона
20.06.2026

Дар бораи китоб

Хонандагон бо осори се тан адиби роҳафтода – Юнуси Имомназар, Шариф Халил ва Фаридуни Фарҳодзод, ки имрӯз дар майдони насри тоҷик корнамоӣ мекунанд, аз наздик ошноянд. Ин эҷодкорон ба унвони муаррифгари адабиёти насрии тоҷик дар Варорӯд бештар бо ҳикояҳо, қиссаҳо, ҳикояҳои ҳаҷвӣ, ҳикоёти хурд, новеллаҳо ва осори публитсистии худ шинохта шудаанд. Китоби мазкур низ аз намунаҳои эҷодии ин нигорандагони каломи бадеъ, ки ахиран ба нӯги хома омада ва аҳёнан дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ ба табъ расидаанд, фароҳам омадааст. Мавзӯи асосии ҳикояҳои гирдомада давутози бемайлони инсонҳо дар чорсӯйи зиндагӣ, саъю талошҳои одамон барои дарёфтани асолати башарӣ ва умеду орзуҳои нек, даргирӣ ва даъвоҳои дохилии афроди ҷудогона, тарғиби беҳтарину шоистатарин одобу русум ва одоти боварбахши ҳаётиро фаро мегирад. Ин китоб бо муҳтавои рангину дилписанди худ, ки бо бадеияти ҷолибу ҷаззоб нигорида шудааст, ба хонандагони синну соли гуногун пешниҳод мегардад.

Китоб мутобиқи имлои "Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ" (Душанбе, "Шарқи озод", 2013) омодаи нашр гардид.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Се барги сабз. Баргузидаи хикояхо, Юнуси Имомназар, Фаридуни Фарходзод, Шариф Халил, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).