Ҷоми саргардон: қисса ва ҳикояҳо

Ҷоми саргардон: қисса ва ҳикояҳо. Юнуси Имомназар

Сол
Саҳифаҳо
280
Забон
Нашр дар сомона
20.06.2026

Дар бораи китоб

Ба гуфтаи Ҳаким Умари Хайём, Кӯзагари даҳр чунон ҷоме месозад, ки ба зебоии он ҳар гуна ақл офарин мехонад. Вале Офаридгор ин ҷоми бемисли худро аз озмойишҳо гузаронда дубора ба хок яксон мекунад. Аз назари нависанда, инсонҳо низ монанди он ҷомҳои бемисланд, ки ба ҳар кӯ меафтанд, аз имтиҳоноти рӯзгор мегузаранд, гоҳе сарсахту сахтҷон ҳастанд, гоҳе нозуку латиф ва гоҳе орому гоҳе саргардон. Аз пайи ин, ҳаёт доимо моломоли рафтору одоб ва бархӯрдҳои неку бад, росту дурӯғ, писандидаву номақбул аст ва ҳар кас ба мизони ақлу гузинаи хеш зиндагии худро месозад. Маҳз ба ин маънӣ маҷмӯаи нави қиссаю ҳикояҳои Юнуси Имомназар мураттаб шудааст, ки давоми мантиқии бахши аввали китоби «Аз санг сахт, аз гул нозук»-и ӯст ва барои мутолиа ба хонандагони синну соли мухталиф пешниҳод мегардад.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Чоми саргардон: кисса ва хикояхо, Юнуси Имомназар, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).