Деҳаи зархез: рисолаи пажӯҳишӣ-бадеӣ

Деҳаи зархез: рисолаи пажӯҳишӣ-бадеӣ. Юнуси Имомназар

Сол
Саҳифаҳо
224
Забон
Нашр дар сомона
20.06.2026

Дар бораи китоб

Деҳаи зархез: рисолаи пажӯҳишӣ-бадеӣ (дар бораи арзишҳои миллии деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато ва намунаҳо аз осори эҷодкорони он)


Деҳаи Эҷ яке аз қадимтарин ва бузургтарин деҳоти кӯҳистони Нуратост. Ин деҳа бо сарвати бебаҳои худ – тилло, ки дар зери заминаш фаровон аст, маъруф шудааст. Вале дар асл шуҳрати воқеии Эҷ на ба хотири ин неъмати табиӣ, балки ба ҳиммати сокинони кӯшо, боталош ва илмдӯсту фарҳангиаш доман густурдааст, ки дар тӯли торих аз худ осори боарзиши илмию фарҳангӣ ва адабию ҳунарӣ боқӣ гузоштаанд. Гӯйиши хос, таронаю сурудҳои мардумӣ, катибаҳо, осори дилпазири насрию назмӣ аз ҷумлаи арзишҳои бебаҳои деҳаи ёдшуда ба шумор мераванд. Агар тиллои нуҳуфта қишрҳои заминро оро диҳад, ин арзишҳо ба монанди зарпораҳо олами илму фарҳангу ҳунарро тобишу зинат мебахшанд. Китоби мазкур нигоштае аз ҳамин арзишҳои маънавӣ буда, ба сифати як сарчашмаи илмию бадеӣ ҷиҳати ошноии бештар бо деҳаи Эҷ ва бошандагони он кумак хоҳад кард ва барои доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Дехаи зархез: рисолаи пажухиши-бадеи, Юнуси Имомназар, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).