Наҷво дар гӯши бод
Файлҳо барои боргирӣ
PDF Наҷво дар гӯши бод.pdf 1.7 MB

Наҷво дар гӯши бод. Соҷидаи Мирзо

Муаллиф
Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
318
Забон
Нашр дар сомона
10.08.2025

Дар бораи китоб

Хонандаи азиз, агар тарафдори достонҳое ҳовӣ аз чархишҳои сарнавишт, арзишҳои отифӣ ва ахлоқӣ, печидагиҳои равобити инсонҳо, бо як фарҷоми ҳайратангез ва ғайри қобили пешбинӣ ҳастӣ, пас ин китоб барои туст! «Наҷво дар гӯши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст.

Қаҳрамонҳои ин достон, бо моҷароҳои гӯшношуниди худ, ба умқи рӯҳи хонанда нуфуз мекунанд, ӯро аз оғоз то ба охир дар ҳаяҷон нигаҳ медоранд ва ҳатто баъди баста шудани сафҳаи ахири китоб низ муддатҳо бо ӯ зиндагӣ мекунанд.

Дар маркази ин достон сарнавишти як духтари ноболиғ қарор дорад, ки хеле зуд ба фурӯмоягии инсонҳои атрофаш рӯ ба рӯ мешавад ва ранҷҳои номуносиб ба синну солашро аз сар мегузаронад. Ин роман низ, монанди достонҳои қаблиии Соҷидаи Мирзо, аз усули «реализми ҷодуӣ» бархурдор аст, ки дар қолиби як рӯҳи саргардон зоҳир мешавад ва асарро ҷаззобу шигифтангез мекунад. «Наҷво дар гӯши бод» хонандаро ба ин илқо мекунад, ки шуҷоъ бошад, дар сахтиҳо аз ҳам напошад, чун ҳеҷ чиз дар ин дунё барои ҳамеша яксон намемонад.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Начво дар гуши бод, Сочидаи Мирзо, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).