Шабе, ки моҳ арғувонӣ буд

Шабе, ки моҳ арғувонӣ буд. Соҷидаи Мирзо

Муаллиф
Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
336
Забон
Нашр дар сомона
04.02.2026

Дар бораи китоб

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, роман ва як повести нависанда ва журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Романи «Шабе ки моҳ арғувонӣ буд», достони як навраси ятим аст, ки шаби «гирифтани моҳ», шабе, ки моҳу офтобу замин дар як радиф қарор гирифтанд ва тӯдаи мардум чашм ба сӯи осмон, моҳи арғувониро тамошо мекард, хоҳаронашро танҳо гузошт ва аз хона фирор кард. Ситорашиносҳо мегӯянд, инсонҳотаҳти таъсири «гирифтани моҳ» тасмимҳое мегиранд, ки шояд дар ҳолатҳои дигар аз онҳо ҷилавгирӣ кунанд.

Қаҳрамони романи Соҷидаи Мирзо 14 сол аз худ мепурсид, ки агар он шаб фирор намекард, сарнавишти ӯ ва хоҳаронаш чигуна ҷараён мегирифт. Роман саропо аз моҷароҳое иборат аст, ки қаҳрамони Соҷидаи Мирзо дар тӯли чаҳордаҳ сол таҷруба кардааст. Сужаи асар хонандаро аз лаҳзаи авал ба худ мекашад ва то ҷумлаи ахир раҳо намекунад.

Повести «Афсонаи қафас» – асари дигари муаллиф, аз драмаи хонаводагӣ ҳикоят мекунад, ки гоҳо барои як тараф ба қафас табдил мешавад ва ғаризаи парвозро дар инсон мекушад. Дар ин достон мехонед, ки оё қаҳрамони Соҷидаи Мирзо роҳи бурунрафт аз қафасро пайдо кардааст ё не.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Шабе, ки мох аргувони буд, Сочидаи Мирзо, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).