PDF
Технология (таълими меҳнат барои духтарон). Синфи 5. Мавлуда Давронӣ ва дигарон
Дар бораи китоб
Китоби дарсӣ барои синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри сеюм.
Хонандагони азиз, шумо аз ин китоб чигунагии истифодаи ҷиҳози ошхона, асбобу анҷоми барқӣ, зарфҳои таомхӯрӣ, тайёр намудани таомҳо, хӯришҳо, тарҳҳои эҷодӣ, қоидаҳои ороиши таом ва миз, корҳои тарроҳӣ (конструксионӣ), намунасозӣ, интихоби дурусти касб ва муносибати эҷодкорона ба иҷрои корҳоро меомӯзед.
Шумо бо дӯхтани дарзу кӯкҳои дастӣ, намуди нахҳо ва матоъҳо шинос шуда, аз онҳо буридани пешдоман, сарпӯш, рӯймол, остинча ва ҷиҳакро меомӯзед. Барои он ки маҳсулоти дӯхтаатон зебову босифат ва ба талабот ҷавобгӯ бошад, шумо бояд бо технологияи асбобҳои дӯзандагӣ шинос шуда, дониш малака ва маҳорати худро ташаккул диҳед.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм пайваста кӯшиш менамоянд, ки низоми таълимро ҳамқадами замон гардонида, барои ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид намудани таҳсилоти миллӣ тадбирҳо андешанд. Соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020»-ро ба тасвиб расонд. Таълими ба ташаккули босалоҳият равонагардида, ки ҳарду вазифаҳои таҳсилотро вобаста ба натиҷаи он муайян менамояд, салоҳиятҳои асосии таълими хонандаро дар баробари дониш, маҳорат ва малака ба сифати яке аз натиҷаҳои таҳсилот баррасӣ менамояд.