Технология (Таълими меҳнат барои духтарон). Синфи 6

Технология (Таълими меҳнат барои духтарон). Синфи 6. Клара Обидова ва дигарон

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
128
Забон
Нашр дар сомона
09.04.2025

Дар бораи китоб

Технология (Таълими меҳнат барои духтарон). Китоби дарсӣ барои синфи 6-ум. Нашри 2.


Хонандагони азиз, меҳнат барои инсон муқаддас мебошад. Ҳар касе, ки вазифаи худро аз хурдсолӣ бошарафона иҷро мекунад, ба ҳурмату эҳтироми халқаш сазовор мешавад.

Хонандагони синфи 6 ба воситаи ин китоб бо маҳсулоти хӯрокворӣ шиносшавиро давом медиҳанд ва хӯрокҳои гуногун мепазанд.

Санъати хӯрокпазӣ аз қадимулайём ба одамон маълум аст. Ин китоб ба шумо усули тайёр кардани хӯрок, истифодаи оқилонаи он, қоидаҳои ороиш додани хӯрок ва дастархонро меомӯзонад.

Шумо хонандагон бо мошини дарздӯзии пойӣ, бо нахҳо, риштаҳо, матоъҳои абрешимию пашмӣ шинос мешавед ва аз онҳо буридану дӯхтани либосро меомӯзед.

Ба ғайр аз ин ба саволҳои худ, монанди:

1. Чӣ, кай, куҷо?
2. Маслиҳатҳои муфиди кадбону.
3. Соҳибхоназан дар назар дошта бошад.
4. Фикр кун, ҷавоб деҳ, иҷро кун ё соз.
5. Саволу супориш ва гуфторҳо.
6. Инро дар хотир доред, ҷавоби қаноатбахш меёбед.

Бо ёрии ин китоб шумо на фақат дуруст, бо завқи баланди эстетикӣ пухтани хӯрок, кор бо матоъ ва дӯхтанро ёд мегиред, балки масъулият ҳис мекунед. Дар худ хислатҳои меҳнатдӯстӣ, сариштакорӣ, сари вақт иҷро кардани корро тарбия менамоед ва коллективона кор карданро ёд мегиред.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Технология (Таълими мехнат барои духтарон). Синфи 6 Технология (Таьлими мехнат барои духтарон). Синфи 6 Технология (Талими мехнат барои духтарон). Синфи 6, Клара Обидова, Субхон Исломов, Мавлуда Рузиева, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).