Таърихи халқи тоҷик. Синфи 11

Таърихи халқи тоҷик. Синфи 11. Роҳат Набиева, Файзӣ Зикриёев

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
280
Забон
Нашр дар сомона
29.09.2024

Дар бораи китоб

Китоби дарсӣ барои синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри чорум.


Тарбияи ватандӯстӣ тарбияест, ки дар натиҷаи он шаҳрвандон Ватани худро дӯст дошта, баҳри пешрафти он содиқона меҳнат мекунанд. Яке аз омилҳои муҳимми тарбияи ватандӯстӣ ва ба камол расонидани ҷавонон дуруст ба роҳ мондани омӯзиши фанни «Таърихи халқи тоҷик» мебошад.

Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон омӯхтани таърихи Ватан ва мақоми он дар ҷомеа торафт афзун мегардад. Дар ин хусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардааст: «Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест! Ин хитоби сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрӯзиён, манқурт мешавад. Ба ифодаи дигар, агар инсон таърихи гузаштаи худро наомӯзад, табиист, ки аз роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулияту бенишон умр ба сар мебарад...

Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотироти таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем» Эмомалӣ Раҳмон. Сарчашмаи худшиносии миллӣ.

Дар асару мақола, суханрониҳо ва паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус дар китоби бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», консепсияи нави тафаккури таърихӣ пешниҳод гардидааст. Ба туфайли ин консепсия шоҳроҳе муайян карда шудааст, ки шаҳрвандонамон таърих ва фарҳанги қадими хешро омӯхта, сатҳи фарҳанги умумӣ ва сиёсии худро дар асоси анъанаҳои муфиди аҷдодӣ баланд ва ғанӣ мегардонанд.

Имрӯз ҳар як хонанда вазифадор аст, ки бо кумаки омӯзгорон таърихи Ватанро аз нигоҳи нав омӯзад. Дар рафти омӯзиш бояд, пеш аз ҳама, ба омилҳои зерин: аз худ кардани таҷрибаи муфиди таърихӣ, таҳлили объективонаи мушкилиҳо, камбудиҳо ва каҷравиҳо дар гузашта, равшан донистани вазифаҳои имрӯза ва ояндаи давлати Тоҷикистон диққати махсус дода шавад.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Таърихи халки точик. Синфи 11 Таьрихи халки точик. Синфи 11 Тарихи халки точик. Синфи 11, Рохат Набиева, Файзи Зикриёев Рохат Набиева, Файзи Зикриеев, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).