Захми сӯзон
Файлҳо барои боргирӣ
PDF Захми сӯзон.pdf 465 KB

Захми сӯзон. Нилуфар

Муаллиф
Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
108
Забон
Нашр дар сомона
16.04.2026

Дар бораи китоб

БА ҶОИ ПЕШГУФТОР

Нилуфар хеле барвақт ба сурудани шеър ва иншои қиссаву ҳикоятҳо сар карда буд. Аммо чун ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ пардохт, ба эҷодиёти худ чандон таваҷҷӯҳ зоҳир накард. Бо вуҷуди ин чанд китобу очеркҳояш ба табъ расиданд, ҷо-ҷо шеърҳояш чоп мешуданд, таронаҳояш дар маҳфилҳо садо медоданд.

Ман дастхати ин маҷмӯаро хондаму хурсанд шудам, ки Нилуфар боз ба он тӯҳфаи илоҳӣ - илҳоми саршораш рӯ оварда, навиштаҳои парешонашро ҷамъоварӣ кардааст. Шеърҳояш давоми таронаҳо ва таронаҳояш идомаи шеъри ӯянд. Суханаш пурсӯз ва самимист. Ба дили хонанда зуд роҳ ёфта, маҳрами рози ӯ мегардад. Ин махсусият яке аз шартҳои бисёр муҳими кори эҷодист.

Умед дорем, ки «Захми сӯзон» ба табъи хонадагони сахтгир хуш меояд ва дар осмони хаёлашон то дер шаъшаапошӣ мекунад.

Гулназар
Шоири халқии Тоҷикистон

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Захми сузон, Нилуфар, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).