PDF
Намоишномаҳо (Калтакдорони сурх; Гавҳари шабчароғ; Рӯдакӣ) - Пьесаҳо. Сотим Улуғзода
Дар бораи китоб
Дар ин китоби нависанда ва драматурги маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода пьесаҳои беҳтарини ӯ гирд оварда шудаанд. Асарҳои нависанда ба воқеаҳои фаромушнашавандаи замонҳои гуногун ва ҳодисаҳои таърихӣ бахшида шудаанд. Агар дар пьесаи «Калтакдорони Сурх» муборизаи деҳқонон ва коргарони тоҷик — калтакдорони Сурх ва муборизаи Аскарони Сурх дар роҳи тамоман несту нобуд кардани босмачигарӣ дар Тоҷикистон нишон дода шуда бошад, дар пьесаи «Гавҳари шабчароғ» ҳаёти пурҷӯшу хурӯши имрӯзаи колхозчии тоҷик тараннум карда шудааст. Инчунин дар ин комедия норасогиҳои ҳаёт ва одамони куҳнапараст фош ва масхара карда мешаванд.
«Рӯдакӣ» яке аз пьесаҳои беҳтарини Сотим Улуғзода буда, дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва ҳаёти фоҷеавии сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ навишта шудааст. Пьесаи мазкур дорои аҳамияти калони таърихӣ мебошад.