PDF
Китоби роҳ ва фазилат (Дао дэ Сзин). Лао-Сзи
Дар бораи китоб
«Дао дэ сзин» (Китоби роҳ ва фазилат)-и Лао-Сзи ганҷинаи арзишманди андешаву хиради чинӣ ва яке аз бузургтарин китоб дар таърихи башар аст, ки масири фарҳанги ҷаҳонро садсолаҳо пеш муайян кардааст. Ба рози шуҳрат ва мондагории ин асари бостонӣ хонанда аз нашри ҳозир, ки нахустин тарҷумаи «Дао дэ сзин» ба забони тоҷикӣ мебошад, пай хоҳад бурд.
Барои пайравони даосизм ва миллионҳо алоқамандони фалсафа дар ҷаҳон «Дао дэ сзин» на танҳо асари дӯстдошта, ҳамчунин дастури ҳушмандӣ, роҳнамо дар пайроҳаҳои печидаи сарнавишт ва, умуман, китобест, ки метавонад ба инсон шеваи зиндагии фарзона ва ҳадафмандро ёд диҳад.
Умедворем «Дао дэ сзин» – ёдгори қадимаи андешаҳои файласуфи шаҳири чинӣ, ки барҳақ «китоби фарзонагӣ»-аш ном мебаранд ва, инак, ба китобдӯстони тоҷик тақдим мегардад, дархӯри завқу табъи хонандаи гиромӣ хоҳад гашт.