Ганҷинаи Ғоронзамин (намунаҳои адабиёти шифоҳӣ)

Ганҷинаи Ғоронзамин (намунаҳои адабиёти шифоҳӣ)

Сол
Саҳифаҳо
209
Забон
Нашр дар сомона
02.06.2026

Дар бораи китоб

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ,
Дар асл макони номдорон астӣ.
Лаъл дар бағалу чашмаҳот мӯъҷизаанд,
Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Ноҳияи Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон осорхонаи зиндаи забонҳои бостонии ҳиндуаврупоӣ аз қабили ишкошимӣ (рынӣ) ва вахонӣ (вахӣ ё khikwor) мебошад. Аммо бошандагони водии Ғорони ин ноҳия бо яке аз лаҳҷаҳои забони порсӣ – тоҷикии ҳозира гуфтугӯ ва муошират мекунанд. Мураттиб – созмони маҳаллии ҷамъиятии “Гулу гиёҳ” кӯшиш кардааст намунаи афсонаҳо, рубоиёту дубайтиҳо, нақлу ривоёт, зарбулмасалу мақолҳои сокинони Ғорони қисмати Тоҷикистон (як қисмати он дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқеъ аст) гирд оварда дар шакли як асари пурмазмун ба нашр расонад. Дар охири китоб луғати вожаҳо ва ибораҳои хоси лаҳҷаи ғоронӣ шарҳ дода шудаанд, ки аҳамияти онро барои пажӯҳишгарон дучанд кардаааст.

Китоб барои адабиётшиносон, этнографҳо ва оммаи васеи хонандагони соҳибзавқ ва фарҳангдӯст тавсия мешавад.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Ганчинаи Горонзамин (намунахои адабиёти шифохи) Ганчинаи Горонзамин (намунахои адабиети шифохи) бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).