PDF
Файлҳо барои боргирӣ
PDF
Девон.pdf
1018 KB
Девон. Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя
Дар бораи китоб
Таҳия ва тадвини Исмоил Зарифӣ.
Амир Ҳушанг Ибтиҳоҷ, ки бо тахаллуси Ҳ. Алиф Соя машҳур аст, 6-уми исфанди соли 1306, мутобиқ ба 25-уми феврали соли 1928-и мелодӣ дар шаҳристони Рашт (дар шимоли Эрон) таваллуд шудааст. Ӯ аввалин фарзанди Мирзо Оқохон Ибтиҳоҷ ва Фотима Рифъат мебошад, ки ин хонавода соҳиби чаҳор фарзанд буданд.
Падараш Оқохон Ибтиҳоҷ аз мардони саршиноси Рашт буд ва муддате чун садри бемористони «Пури Сино»-и ин шаҳри Рашт ифои вазифа намудааст.
Таҳсилоти дабистон ва дабиристонашро дар он шаҳр ба поён расонид ва ҳамроҳи хонаводааш ба Теҳрон омад. Теҳрон барои вай дари ҷаҳони дигареро боз намуд. Дар муҳити ин шаҳри адабпарвар ба камол расидан ба ӯ имкон муҳайё намуд, ки дар понздаҳсолагӣ ба шеъргӯӣ пардозад.
Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Девон, Хушанг Ибтихоч Соя, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).