Биология: Анатомия, физиология ва гигиенаи одам. Синфи 9

Биология: Анатомия, физиология ва гигиенаи одам. Синфи 9. Мирзо Устоев

Муаллиф
Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
244
Забон
Нашр дар сомона
12.04.2025

Дар бораи китоб

Биология: Анатомия, физиология ва гигиенаи одам. Китоби дарсӣ барои синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри чорум.


Тандурустӣ бахту саодати ҳар як фард маҳсуб ёфта, орзуву омоли одамонро дар расидан ба зиндагии хушу орому осуда таъмин месозад. Ба ибораи дигар, тандурустӣ ва саломатӣ имкон медиҳад, ки одамон меҳнати босамар карда, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳм гузоранд. Ин албатта, боиси шукуфоии ватанамон мегардад.

Шумо ҳангоми омӯзиши фанҳои дигари биологӣ бо қонуниятҳои гуногуни ташаккулёбии сохт ва тарзи ҳаёти организмҳои зинда маълумот пайдо карда будед. Акнун метавонед бо маълумоти гуногун оид ба одам ҳамчун шакли олиташаккули материяи зинда шинос шавед ва онро ҳамаҷониба омӯзед. Чӣ хеле ки маълум аст, одам як ҷузъи табиат буда, дар вуҷуди вай тамоми равандҳои хоси мавҷудҳои зинда дар доираи риояи қонуниятҳои умумибиологӣ амалӣ мегарданд. Ҳамаи равандҳои барои мавҷудоти дигар хосбударо мегузаронад ва ба қонуниятҳои биологӣ итоат мекунад.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Биология: Анатомия, физиология ва гигиенаи одам. Синфи 9, Мирзо Устоев, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).