Зоология. Синфи 7
Файлҳо барои боргирӣ
PDF Зоология. Синфи 7.pdf 13.5 MB

Зоология. Синфи 7. Комилшо Исоев, Абдулло Маҳмадзиёев

Сол
Саҳифаҳо
240
Забон
Нашр дар сомона
10.04.2025

Дар бораи китоб

Зоология. Китоби дарсӣ барои синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри чоруми такмилёфта.


Китобе, ки шумо дар даст доред, бо тағйироту иловаҳо бори чорум нашр мегардад ва дар бораи гурӯҳҳои асосии олами ҳайвоноти Тоҷикистон ва дунё маълумот медиҳад.

Дар нашри чорум тағйирот ва навигариҳои зиёди илмӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла доир ба типҳои нави олами ҳайвонот, синфҳо ва қаторҳо маълумоти нав илова гардидааст. Барои такрор ва санҷиши дониш саволҳои тестӣ тартиб дода шудаанд. Пас аз омӯхтани мавод оид ба ҳар як типи ҳайвонот, шумо хулосаи фаслро хоҳед хонд. Инчунин бо аҷоиботи олами ҳайвонот ва масъалаҳои кунҷковона шинос мешавед. Дар форзатси китоб муҳити асосии зисти ҳайвонот бо баъзе намояндаҳои муҳимтарини онҳо ва нақшаи пурраи инкишофи олами ҳайвонот тасвир шудааст. Дар китоб таҷрибаҳои лабораторие, ки шумо бо роҳбарии омӯзгор дар синфхонаи биология бояд гузаронед, оварда шудаанд. Барои ба сохтори китоб хубтар шинос шудан, ба мундариҷаи он диққат диҳед. Ин ба шумо имконият медиҳад, ки саҳифаи мавзӯи ба шумо лозимро тезтар ёбед ва ба тарзи ҷойгиршавии мавзӯъҳо шинос шавед. Ба туфайли ин китоб шумо на фақат ба олами ҳайвоноти дунё шинос мешавед, инчунин дар бораи олами ҳайвоноти кишварамон ва хусусиятҳои хоси онҳо маълумоти пурра пайдо мекунед. Дар вақти хондани матни китоб агар ба расм ишора шуда бошад, ҳатман онро нигоҳ карда, бо мавзӯи хондаистодаатон муқоиса кунед, чунки шумо бо ин роҳ мавзӯъро хубтар дарк мекунед ва дар хотир нигоҳ медоред.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Зоология. Синфи 7, Комилшо Исоев, Абдулло Махмадзиёев Комилшо Исоев, Абдулло Махмадзиеев, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).