Тӯҳфат-ул-аҳбоб (Фарҳанги Ҳофизи Ӯбаҳӣ)

Тӯҳфат-ул-аҳбоб (Фарҳанги Ҳофизи Ӯбаҳӣ). Ҳофизи Ӯбаҳӣ

Муаллиф
Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
288
Забон
Нашр дар сомона
17.08.2024

Дар бораи китоб

Маълум аст, ки дар сарзамини хеле васеъ, ки аз қадим боз дар он забони тоҷикӣ интишор меёфт, бо мурури замон ва бо хости рӯзгор хеле луғатҳои қиматбаҳо тартиб дода шудаанд. Ин луғатҳо барои донистани боигарии таркиби луғавӣ, омӯхтани тағйиротҳои лексикӣ ва умуман таърихи инкишофи забони тоҷикӣ ба аҳамияти бузурги илмӣ соҳибанд.

Мутаассифона, дар мактабҳои олии республика, дар шуъбаҳои забоншиносӣ, махсусан дар курси омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ аз ин асарҳои гаронбаҳо хеле кам истифода мебаранд, ё намебаранд.

Аз тарафи дигар аз шумораи хеле зиёди ин гуна луғатҳо ғайр аз «Ғиёс ул-луғот дигар асаре ба табъ расонида нашудааст. Яке аз ин гуна луғатҳо, ки дар бораи лексикаи қадимаи забони тоҷикӣ баҳс мекунад, «Туҳфат-ул-аҳбоб» машҳур ба Фарҳанги Ҳофизи Ӯбаҳист. Муаллифони фарҳангҳои минбаъда, аз ҷумла муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», ки барои тартиб додани асари худ шумораи зиёди луғатҳон қадимаро истифода кардаанд, дар муқаддима дар қатори сарчашмаҳои луғавӣ номи ин луғатро низ қайд менамоянд.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Тухфат-ул-ахбоб (Фарханги Хофизи Убахи), Хофизи Убахи, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).