Суруд ва мусиқӣ. Синфи 1

Суруд ва мусиқӣ. Синфи 1. Ҷӯрахон Обидпур

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
112
Забон
Нашр дар сомона
18.08.2024

Дар бораи китоб

Китоби дарсӣ барои синфи 1-ум


Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, сурудхонӣ мусиқӣ ва назмро бо ҳам мепайвандад. Суруд барои мактаббачагон аз дигар навъҳои жанрҳои мусиқӣ дастрасу осонфаҳм аст, бинобар ин онҳо сурудхониро дӯст медоранд, бо шавқу ҳавас месароянд ва бо ин роҳ ҳиссиёти худро баён месозанд.

Суруди хуб хонандагонро ба худ ҷалб ва шавқи онҳоро зиёд мекунад. Хонандагон ба воситаи суруд тарзи талаффузи дурусти ҳарфҳо, ҳиҷоҳо ва калимаву ибораҳоро ёд мегиранд ва нутқашон равон мегардад. Аз ин рӯ, бар дӯши омӯзгори мусиқӣ масъулияти ниҳоят бузург гузошта шудааст, ки мактаббачагонро дӯстдори суруду мусиқӣ гардонад; ба онҳо малакаҳои одитарини сароиданро омӯзонад; дар дили хонандагон ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми волидону омӯзгор ва дӯст доштани табиату ҳайвонотро бедор созад.

Ҳадафи китоби мазкур низ дар ҳамин аст, то дар ин самт кори омӯзгорони сурудро осон гардонад.

Дар китоб 25 суруд ҷой дода шудааст, ки 17-тои он бо нақарот суруда мешавад. Сурудҳо дар андоза ва созу лаҳнҳои мухталиф тарҳрезӣ шуда, зарбу усулашон рангин аст

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Суруд ва мусики. Синфи 1, Чурахон Обидпур, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).