PDF
Шарҳи мунтахаби «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ
Дар бораи китоб
Барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Ба кӯшиши Ш. Р. Исрофилниё ва А. Раҳнамо.
Зери назари: Ҳасани Қарибӣ
Веростор: Мубашшири Акбарзод
Тарроҳи роёнаӣ: Фирӯз Набиев
Ношир: Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
«Гулистон»-и безаволи Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ яке аз муҳимтарин, нафистарин ва пурмазмунтарин осори фикриву адабӣ ва ахлоқии тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меояд. Дар ин маҷмӯа мунтахаби ҳикоёту ҳикматҳо аз ин асари безавол шарҳу тафсир шудаанд. Ҳар миллати бедор ва худогоҳ фарҳанги худро ҳифз мекунад, меомӯзад ва бо он зиндагӣ мекунад, то фарҳанги дигар бар фарҳанги вай мусаллат набошад. Умед дорем аз ҷавонон, ки меросбари ин фарҳанги бузург ҳастанд, онро соҳибӣ кунанду омӯзанд ва сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд.