Шаҳзодаи хурдакак
Файлҳо барои боргирӣ
PDF Шаҳзодаи хурдакак.pdf 28.4 MB

Шаҳзодаи хурдакак. Антуан де Сент-Экзупери

Сол
Саҳифаҳо
96
Забон
Нашр дар сомона
17.11.2025

Дар бораи китоб

Аз русӣ тарҷумаи Талъат Нигорӣ


Нависандаи номии Фаронса ва ҳавопаймои касби Антуан де Сент-Экзупери соли 1944 дар синни 44-солагӣ ҳангоми парвози ҷангӣ ҳалок шудааст. Ӯ ҳавопаймои ҳарбии кашф буд. Антуан ҳамеша мехост, қаҳрамонҳои асарҳояш дар зиндагӣ ҳам қаҳрамони ҳақиқӣ бошанд. Ӯ қаҳрамонҳояшро чун одамони дорои қувваи бузурги ботинӣ, ки барояшон мафҳумҳои масъулиятшиносӣ, талаботи баланди ахлоқӣ нисбати худу дигарон чизҳои воқеианду, ҳамеша ба ҷонфидоӣ тайёранд, тасвир мекард. Худ низ ҷонфидо гардид. Фидокори роҳи озодии ватанаш аз фашизм.

Асарҳои Антуан де Сент-Экзупери "Ҳавопаймои хаткашони ҷануб", "Парвози шабона", "Сайёраи мардумон", "Ҳавопаймои ҳарбӣ", "Мактубе ба гаравгон", афсонаи "Шаҳзодаи хурдакак" номи ӯро машҳури ҷаҳон ва абадӣ гардониданд.

Афсонаи "Шаҳзодаи хурдакак"-ро Экзупери соли 1942 дур аз ватан дар Ню-Йорк навиштааст. Ин китоб бори аввал дар ҳамон ҷо, соли 1943 аз чоп баромад.

Ҳоло "Шаҳзодаи хурдакак", ки "афсонаи бачагона барои калонсолон" аст, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудааст.

"Шаҳзодаи хурдакак"-и Антуан де Сент-Экзупери афсонаест барои калонсолон, ки бо оҳанги кӯдакона, бо сабке, ки хоси фаҳмиши бачаҳост, навишта шудааст.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Шахзодаи хурдакак, Антуан де Сент-Экзупери, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).