Се шикасти ориёиҳо
Файлҳо барои боргирӣ
PDF Се шикасти ориёиҳо.pdf 5.3 MB

Се шикасти ориёиҳо. Зафар Мирзоён

Муаллиф
Сол
Саҳифаҳо
443
Забон
Нашр дар сомона
01.09.2024

Дар бораи китоб

Китоби «Се шикасти ориёиҳо», ки бо қалами ховаршинос ва журналисти шинохтаи тоҷик Зафар Мирзоён офарида шудааст, саросар ба саргузашти гузарои тоҷикон, шикастҳо ва худбохтагиҳои таърихии онҳо ишора дорад. Бисёре аз пажӯҳишгарон сабабҳои бохти таърихии тоҷиконро дар нотавонии низомӣ ва парокандагии ин мардумон дидаанд. Нависандаи китоб ҳуши хонандагонро бо ёдкарди  шикастҳои ёдшуда, ба фиребхӯриҳои тоҷикон дар боварҳои динии худ ва содаандешиҳояшон ҷалб кардааст. Нависанда барои исботи он бохтҳо дар фаслҳои ҷудогона унвонии «Чаро Ғарб пеш рафт, вале Шарқ - шарқи мусалмон вопас монд?», «Китобсӯзиҳои тоҷикон» ва раво донистани ситоишу арҷгузориҳои ҳамлаварони худ, намунаҳои зиёдеро аз дарёфтҳои пажӯҳишгарони дигари пуркор бозоварда, натиҷагириҳояшро бар пояи далелҳои мантиқӣ устувор гардондааст.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Се шикасти ориёихо Се шикасти ориеихо, Зафар Мирзоён Зафар Мирзоен, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).