Саду як ғазал
Файлҳо барои боргирӣ
PDF Саду як ғазал.pdf 2.1 MB

Саду як ғазал. Зебуннисо

Муаллиф
Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
104
Забон
Нашр дар сомона
17.02.2025

Дар бораи китоб

Зебуннисо духтари шоҳи Ҳиндустон Абузафар Муҳиддин Аврангзеб (1658-1707) буда, (1658-1707) буда, аз шоираҳои ширинкалом ва хушадои тоҷик аст, ки соли 1639 дар Деҳлӣ таваллуд шудааст.

Зебуннисо аз хурдӣ дар назди зани фозилае бо номи Ҳофиза Марям касби илм намуда, Куръони маҷидро дар муддати ду солу се моҳ азёд мекунад. Баъдтар у илмҳои мантиқу ҳикмат ва таърихро фаро гирифта, машқи хат мекунад ва дар навиштани хатҳои настаълиқу насх моҳир мешавад.

Зебуннисо бо тахаллусҳои Зебуннисо ва Махфӣ шеър гуфтааст. Ӯ ба ғайр аз девони ашъор асари насрие дар тафсири Куръони маҷид бо номи «Зеби тафосир» таълиф кардааст.

Зебуннисо соли 1702 дар синни 63-солагӣ дар Деҳлӣ вафот кардааст.

Мо ин ғазалиёти Зебуннисоро аз рӯйи нусхаи чопи сангии «Девони Махфӣ», ки соли 1898 дар матбааи «Нувил Кишур»- и Конпур ба табъ расидааст, ба чоп омода намудем.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Саду як газал, Зебуннисо, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).