PDF
Рӯзномаи берӯз (фалсафаи нигоҳи андеша). Китоби аввал. Гулрухсор Сафиева
Дар бораи китоб
Аз саҳифаи аввали “Рӯзномаи берӯз” хонанда ба олами пурасрори андешаҳои муаллиф ворид шуда, андар он бо худу бе худ сайр мекунад, раҳгум мезанад, худро меҷӯяд, зеро “ ба инсон ҳама чиро метавон омӯхт, ба ҷуз дар олами андешаи дигарон кашф кардани олами худро!.. “Рӯзномаи берӯз” баъди романи “Занони Сабзбаҳор”, дуввумин асари насрии шоир аст, ки ба хонандагон пешкаш мешавад.
Ошиқони шеъри Гулрухсор баъди хондани “Рӯзномаи берӯз” низ хоҳанд донист, ки шоир дар навиштани наср ҳам шоир хоҳад монд.
Қудрати андеша аз соҳиби андеша ҳазорон маротиба бештар аст... Андарзи Зардуштона.
Ба инсон ҳама чиро метавон омӯхт, –
Ба ҷуз андешиданро.
Ба инсон ҳама чизро метавон намоиш дод, –
Ба ҷуз мушикофии мушоҳидаро.
Ба инсон ҳама чиро метавон фармуд, –
Ба ҷуз дар зарраи нур дидани хуршедро!
Ба ҷуз дар қатра дарёфтани уқёнусро!
Ба ҷуз дар як донаи наск шинохтани курраи арзро!..
Мутаасифона одамизод бештари умри фонияшро дар талоши доштану бардоштани чизҳои ночиз сарф карда, аз олами пурасрору нотакрори тафаккуру андеша бехабар, аз боғи хушсамари худшиносиву худдарёбӣ бебаҳра, аз чашмаи фазлу хирад ташнаком мӯъҷизоти зиндагиро надидаву нашинохта аз олам дар мегузарад. Дареғи ранҷи офариниш, дареғи заҳмати офаранда!..