PDF
Файлҳо барои боргирӣ
PDF
Мунозара.pdf
15.4 MB
Мунозара. Абдурауфи Фитрат
Дар бораи китоб
Асари нахустини Абдурауфи Фитрат «Мунозара» ном дошта, соли 1910 дар Истанбул чоп шудааст. Асари мазкур ба таври «муҳовараи бухориён» навишта шудааст. Аз ин ҷост, ки Фитратро аз аввалин офарандагони насри нави тоҷикӣ донистаанд. Асарҳои Фитрат, аз ҷумла, «Мунозара»-ро аз Истанбул ба Бухоро ба таври пинҳонӣ меоварданд. Ин асар ҳамон вақт ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва озарӣ тарҷума шуда, дастраси алоқамандон гардида буд. Фитрат ба воситаи «Мунозара» мақсаду мароми ҳаракати ҷадидияро, ки таъсиси мактабҳои нав дар Бухоро ва атрофи он буд, муайян намудан хостааст. Асар унвони дигар ҳам дорад: «Мунозараи мударриси бухороӣ бо як нафар фарангӣ дар Ҳиндустон дар бораи макотиби ҷадида».
Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Мунозара, Абдурауфи Фитрат, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).