Маҷмаъ-ул-арқом
Файлҳо барои боргирӣ
PDF Маҷмаъ-ул-арқом.pdf 4.5 MB

Маҷмаъ-ул-арқом. Мирзо Бадеи Девон

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
416
Забон
Нашр дар сомона
21.01.2026

Дар бораи китоб

Таҳиягарон: номзади илмҳои таърих Ғолиб Ғоибов ва номзади илмҳои физика ва математика Маҳмудҷон Холов.


Дастхати «Маҷмаъ-ул-арқом» яке аз дастнавиштаҳои нодири асри XVIII буда, барои мансабдорони аморати Бухоро, ки ба корҳои ҳисоботу молиёт ва ҷамъоварии андоз машғул буданд, навишта шудааст. Дар он маълумоти муфассал оид ба навиштану тартиб додани хуҷҷатҳои молиявӣ, намудҳои андоз, тақсими маблағҳои давлатӣ ва мерос байни ворисон, тақсимоти маъмурии замин ва оби заминҳои обёришаванда ва ғайра оварда шудааст.

Қисми зиёди дастхат ба илми математика бахшида шудааст. Муаллиф бо қоидаву мисолҳои зиёд тарзи ҳалли масъалаҳои арифметика (ҳисоб), алгебра (ал-ҷабр ва муқобала), геометрия (ҳандаса) ва астрономия (нуҷум)-ро нишон додааст, ки дар кори ҳаррӯзаи мутасаддиён ва амалдорони аморат лозим буд.

Барои пурра шудани дониши хонанда ва дуруст фаҳмидани масъалаҳои зикршуда, муаллиф ба дастхат ду замима: оид ба мансабҳои давлатии аморати Бухоро (тазйил) ва тарзи ҳисоб ба воситаи ангуштон (мулҳақ) ҳамроҳ кардааст.

Китоб ба кормандони илмӣ, аспирантону донишҷӯён, омӯзгорон ва алоқамандони таърихи халқи тоҷик тавсия мешавад.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Мачмаъ-ул-арком Мачмаь-ул-арком Мачма-ул-арком, Мирзо Бадеи Девон, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).