PDF
Куллиёти Маъдун ул-ҳол. Мавлавӣ Ҷунунӣ
Дар бораи китоб
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Алҳамду лиллоҳи Раббил ъоламин вассалоту вассалому ъало Расулиҳи Муҳаммад ва олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
Шукр ва сипоси бепоён Худои Бузургро, ки бо гузашти солҳо ва фароҳам омадани шароити мусоид баъзе аз осори мардони роҳи ҳақ, ки бо сабабҳои маълум зери пардаи китмон қарор доштанд, аз нав эҳё, зинда ва пешниҳоди хонандаи закӣ ва миллати фарҳангдусту тамаддунпарвари тоҷик мегарданд. Мавлавӣ Ҷунунӣ аз зумраи ҳамин гуна мардони роҳи ҳақ буд, ки зери пардаи китмон қарор дошт ва имрӯз бо хости Худо ин парда дарид ва ин хуршеди ирфонӣ аз таҷаллии худ мухлисону пайравонашро баҳравар месозад.
Ҳазрати Мавлавӣ Ҷунунӣ - соҳиби ҳамин китоб - дар ҷойе аз девони худ чунин фармудаанд:
Мардони ҳақ ба пардаи китмон гузаштаанд, Бо ранҷу фақру фоқа азизон гузаштаанд.
Cоли 1800 дар вилояти Қандаҳори Афғонистон дар оилаи Сайид Шоҳсоҳиб фарзанде ба дунё омад, ки бо гузашти айём дар соҳаи адабу ирфон бо эҷодиёти худ ба дараҷаи бузургтарини мардони замони худ расид. Номи аслии ин бузургвор Сайид Қаландар бини Шоҳ соҳиб буда, дар деҳаи Пушунги вилояти Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар хонадоне аз сайидоти аҳли тариқат ба дунё омадааст. Вай қисмати зиёди умри худро дар водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидааст. Китоби «Маъданул ҳол» аз ҷумлаи осори асосӣ ва номии ҳазрати Ҷунунӣ аст.
Чор дафтар шуд, китоби Маъданам,
То ки шамъи чор роҳ, равшан кунам.
Ҳам муносиб шуд ба табъи чаҳор ёр,
Ҳамду наъту васфи асҳоби кибор.
Ҳам ба вифқи чор мазҳаб кардамаш,
Файз гирад, аҳли ҳар чор аз дамаш.
Гардад ин то рубъи маскун раҳнамо,
Мерасонад норасоро бо Худо.
Ошиқон аз хонишаш мастонае,
Оқилон аз донишаш девонае.
Мухлисонро рӯҳафзоӣ кунад,
Аҳли дарду сӯзу шайдоӣ кунад.
Раҳнамои халқ баъд аз Мавлавӣ,
Маъданул ҳол аст, ганҷи маънавӣ.
Ин китоби аҳли дарду ошиқ аст,
На барои дидани ҳар фосиқ аст.