Хуросон аст ин ҷо
Файлҳо барои боргирӣ
PDF Хуросон аст ин ҷо.pdf 2.1 MB

Хуросон аст ин ҷо. Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

Сол
Саҳифаҳо
362
Забон
Нашр дар сомона
09.08.2024

Дар бораи китоб

Оҳ, оҳ, агар мо ҳама ин нуктаҳои барҷастаро, балки бештар аз инро медонистем ва медонистем, ки сарчашмадори забони форсии дарӣ - забони аҳли биҳишт, забони париён, забони зиндасоз ва зинданигоҳдори Аҷам, забони пирӯз бар ғосибони араб, наҷибзодагоне мисли Низомӣ, забони рӯҳияи Алломаи Иқбол мо, ба истилоҳ эрониёни шарқӣ будаем, яъне Бухорову Самарқанду Балху Хуросон маҳди зоишу болишу густариши ин забон будаанд, имрӯз онро ба чунин хорӣ, забунӣ, паршикастагӣ, бемоягӣ ва бебизоатӣ намекашондем ё дасти кам то метавонистем, намегузоштем, ки соҳибони ғамхору дилсӯзе аз Маскав ё дигар ҷойҳо ё аз миёни қаламшикастагону забонгумкардагони худбехабару худобехабари манфиатҷӯи паллабини бумӣ пайдо кунад ва онро ба се шоха - форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ аз ҳам ҷудо кунанд, ба он боз шоху шохчаҳое бибанданд ва ҳар кадомро ҷудо биёмӯзанд ва гоҳ-гоҳ миёни онҳо монандиҳое кашф кунанд...

Порчае аз пешгуфтори устод Лоиқ Шералӣ ба китоби "Хуросон аст ин ҷо"-и Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ Ношир: Бунёди Оли Сомон
Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Хуросон аст ин чо, Мухаммадчон Шакурии Бухорои, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).