Хиёнат (қиссаи детективӣ)

Хиёнат (қиссаи детективӣ). Ҷовид Муқим

Муаллиф
Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
100
Забон
Нашр дар сомона
07.07.2025

Дар бораи китоб

Ҷовид Муқим, профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ дар баробари фаъолияти журналистӣ ва илмиву омӯзгорӣ ба эҷоди асарҳои илмиву дарсӣ ва бадеӣ низ машғул аст. Аз ҷумла, соли 2013 қиссаи детективии муаллиф бо номи «Қасос» аз чоп баромада буд. Қаҳрамонони қиссаи мазкур полковники мустаъфии милиса Валиҷони Нарзулло ва журналист Нодири Аминпур, ки ҳангоми сарбозӣ дар Афғонистон ҳамхизмат буданд, бюрои детективӣ ташкил карда, куштори ҳангомадорро ифшо намуданд. Қиссаи «Хиёнат» идомаи китоби «Қасос» буда, он аз фаъолияти минбаъдаи Бюрои детективии «Сипар» нақл мекунад. Ин дафъа дӯстон ҷинояти ҳангомадори кушта шудани писари банкир Ширини Комилро, ки дар тафтишаш кормадони милиса ва Интерпол оҷиз монда буданд, ифшо мекунанд. Ҳамчунин дар ин китоб аз муҳаббати инсонӣ сухан меравад.

Ҳодисаҳое, ки дар ин китоб нақл карда мешаванд, маҳсули тахайюли нависанда бошанд ҳам, дар зиндагии воқеӣ гунаи он ба чашм мерасанд. 

Ҳамин аст, ки образи қаҳрамонони китоб хеле табиӣ ва зинда рӯи коғаз омада, таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунанд.

Китоби «Хиёнат» барои доираи васеи хонандагони аз синни 18-сола боло пешбинӣ шудааст.

Китоби мазкур бо маблағи муаллиф чоп шудааст.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Хиёнат (киссаи детективи) Хиенат (киссаи детективи), Човид Муким, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).