PDF
Файлҳо барои боргирӣ
PDF
Ҷодаи бахт (шеърҳо).pdf
328 KB
Ҷодаи бахт (шеърҳо). Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ
Дар бораи китоб
САМОИ ДИЛ
Мерасад бар ёди ман оҳанги гуфтугӯи ту,
Дил ҳамеша дар талошу дар суроғи рӯи ту,
Роҳи манро гар бубастӣ ту намедонам чаро?
Меравам ман ҳар замон бо роҳи печон сӯи ту.
Чун ситора гар бигирӣ дар самои дил макон,
Ман мунаҷҷимвор оям рӯзу шаб бар кӯи ту.
Ҳамчу Маҷнун мезанам худро ба ҳар кӯҳу дара,
То бубинам як даме ман қомати дилҷӯи ту.
Мактаби ишқи ту меомӯхт панду ҳикматам,
Эй ки хондам ҳарфи меҳр аз дафтари абрӯи ту.
Кай, Бунафша, мерасӣ бар қадри ин Муштоқи хеш,
Зуд о, ки медамад испедаҳо дар мӯи ту.
Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Чодаи бахт (шеърхо) Чодаи бахт (шеьрхо) Чодаи бахт (шерхо), Хочи Амруллохи Мушток, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).