Ғазалистон (Ахтарони адаб, 38)

Ғазалистон (Ахтарони адаб, 38). Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
480
Забон
Нашр дар сомона
03.04.2025

Дар бораи китоб

Шамсиддин Шоҳин, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ. Ғазалистон. Ахтарони адаб, ҷилди 38. Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам.


ҲАЗОРДАСТОНИ ҚАФАСШИКАНИ КӮҲИСТОН…

Суханвари маъруфу маҳбуби тоҷик Муҳаммад Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) 26-уми моҳи марти соли 1865 дар хонадони марди давлатманду босаводи деҳаи Зосуни ҷамоаи Варзи Манори кенти Фалғар (ҳозира ноҳияи Айнӣ) Мирзо Бобохон ба ҷаҳон омадааст. Гузаштагони Туғрал самарқандӣ буда, чанд пушт пештар аслофи хонадон аз ҷабру зулми ҳокимони бедодгар ба дод омада, ҷониби Фалғар фирор кардаву дар ҳамин макони амн рахти иқомат густардаанд, ки худи Туғрал аз ин хусус ишорае дорад:

Дар Самарқанди чу қанд акнун манам Ифтихори зумраи Аҳрориён! Мерасад аслам ба Аҳрори Валӣ, Дудаи ман бошад аз ин дудмон!
Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Газалистон (Ахтарони адаб, 38), Накибхон Туграли Ахрори, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).