Физика. Синфи 11
Файлҳо барои боргирӣ
PDF Физика. Синфи 11.pdf 18.8 MB

Физика. Синфи 11. Геннадий Мякишев, Борис Буховсев

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
368
Забон
Нашр дар сомона
12.04.2025

Дар бораи китоб

Физика. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти умумӣ

Тарҷумаи С. Қодирӣ.


Дар китобҳои дарсии физикаи синфҳои IХ ва Х сухан асосан аз хусуси физикаи классикӣ андар миён буд. Ба масъалаҳои замонавии физика бошад, мо танҳо дар мавридҳое сарукор гирифта будем, ки сухан дар бораи корбурдҳои техникии ин соҳаи илм (корбасти асбобҳои нимноқилӣ, истифодаи абарноқилият ва ғ.) рафта бошад.

Қисми зиёди китоби дарсии «Физика, 11» ба физикаи муосир бахшида шудааст. Ин ҷо дар бораи назарияи нисбият, назарияи квантӣ, физикаи ҳастаҳои атомӣ ва зарраҳои бунёдӣ сухан хоҳад рафт.

Дар назари шумо, хонандаи азиз, шояд чунин намояд, ки омӯ­зиши маҳз ҳамин қисми физика аз ҳама мушкилтар бошад. Вале дар асл боби душвортарин боби «Ларзишҳои электромагнитӣ» аст. Ин душворӣ бо он алоқаманд аст, ки забони риёзии баёни қонуниятҳои физикаи муосир хеле мураккаб шудааст, яъне мо хоҳу нохоҳ маҷбур мешавем, ки дар мактаби миёна физикаи муосирро танҳо дар дараҷаи сифатӣ, қариб бе корбурди риёзиёт биёмӯзем. Аммо назарияи ларзишҳо (ё худ навасонот)-ро дар заминаи дониши аз таҳлили риёзӣ андӯхтаи шумо амиқтар муоина кардан мумкин аст. Ин масъала аҳамияти амалӣ дорад. Чунончи, назарияи ҷараёни тағйирёбанда саропо назарияи ларзишҳои электро­магнитии маҷбурӣ мебошад. Дигар ин ки дар омӯзиши физика ворӣ илми миқдории дақиқ танҳо бо тавсифи сифатии рӯйдодҳои физикӣ маҳдуд шудан нодуруст мебуд. Дар акси ҳол дар бораи ин илм тасаввури камобеш саҳеҳ ҳосил кардан муҳол аст.

Дар физикаи синфи IХ ларзишҳои механикӣ дар доираи содатарин маълумоти риёзӣ муоина шудааст. Шумо дар оғози омӯ­зиши ларзишҳои электромагнитӣ ба хулосае меоед, ки ларзишҳои механикӣ ва электромагнитӣ бо ҳамон як қонунҳои риёзӣ баён карда мешаванд. Баъд шумо бо тавсифи амиқтари ларзишҳо ошно мешавед.

Тартиби мутолиаи китоби дарсӣ ба шумо аз пешгуфтори «Физика, 10» маълум аст. Истифодаи ҳамон тавсияҳо барои шумо дар омӯзиши китоби дарсии «Физика, 11» низ судманд меояд.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Физика. Синфи 11, Геннадий Мякишев, Борис Буховсев, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).