Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ

Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ. Давлатхоҷаи Мирзохоҷаи Раштӣ

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
286
Забон
Нашр дар сомона
17.08.2024

Дар бораи китоб

Падарону модарон, бародарону хохарони азизу мехрубон, ба хотири он ки аксарияти шумо вақти бисёр надоред ва фаҳмиши шумо ба китобҳои арабӣ ва китобҳои мураккаби форсӣ намерасад, банда аз чандин китобҳои мӯътабари арабӣ ва форсӣ ба қадри қувват заруриёти аҳкоми шариатро бо ёрии Худованди бузург бо умеди савоб ба тариқи мухтасар ва соддафаҳм ҷамъ намуда, дар ин китоб навиштам ва ин китобро "Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ" ном гузоштам, чунки ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки ин дунё фонӣ, яъне несту нобудшаванда аст ва охират бошад, боқиву ҷовидон аст. Аз ин хотир саъй намудаам, ки бародарону хоҳарони муҳтарами мо бо хондан ва амал кардан ба ин китоб, рағбат ба сӯи укбо бештар намоянд, то ки тӯшаи хубе барои охирати хеш омода намоянд. Худованди мутаол мададгори мову шумо бод, омин ё Рабба-л-оламин.

Мағфират дорам умед аз лутфи ту, З-он ки худ фармудаи: ло тақнату*. Надорам ҳеҷ гуна тӯшаи роҳ, Ба чуз ло тақнату мин раҳматиллоҳ.

Шайх Давлатхоҷаи Мирзохоҷаи Раштӣ 1994-2005

*Ло тақнату - навмед машав
Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Дунёи фони ва укбои боки Дунеи фони ва укбои боки, Давлатхочаи Мирзохочаи Рашти, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).