Донишномаи Душанбе
Файлҳо барои боргирӣ
PDF Донишномаи Душанбе.pdf 13.9 MB

Донишномаи Душанбе

Сол
Саҳифаҳо
50
Забон
Нашр дар сомона
20.05.2026

Дар бораи китоб

Донишномаи пойтахт, ки ба муносибати ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтах­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба пешвози 25-солагии истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор ба забони тоҷикӣ ба табъ мерасад, рамзе аз равзанаи маъ­­рифат ва шинохти шаҳри азизи мост, ки ба ин васила аҳли мамлакат бо таърихи шаҳри Душанбе, саҳми сокинони он дар бунёди давлати муосири миллӣ, ҷомеаи асили шаҳрвандӣ ва рушду равнақи ҳаёти моддию маънавии кишвар, бо неруҳои тавлидӣ ва табиати нотакрори ин маъвои дилорои ватани худ ошно мегарданд. Донишномаи Душанбе барҳақ таҷассумгари тарақиёти му­с­­тақилонаи пойтахти давлати навини мост.

Китоби мазкур сарчашмаи илму адаб, таърих, муаррифномаи иншооту кӯчаҳову маҳалҳо, қабл аз ҳама зиндагиномаи ашхоси бузург ва бунёдкори шаҳри азизи мост, ки ифтихори мо буданду мебошанд ва мо доимо корнамоии ҷовидонаи онҳоро дар ҷодаи пурифтихори кору амал ва маърифатнокии баланд пос медорем.

Интишори «Душанбе. Донишнома»-ро ба сокинону меҳмонон ва ҳаводорони Душанбешаҳр таб­рик гуфта, ба донишмандони соҳаҳои гуногуни илму адаб, ки дар таҳияи ин махзани маърифат хидматгузор буданд, изҳори сипоси беандоза менамоем.

Умедворем, ки шаҳри азизи мо аз тариқи ин равзанаи маърифат бештару беҳтар шинохта хо­ҳад шуд.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Донишномаи Душанбе бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).