Дизайни барномавӣ дар забони барномасозии PascalABC.Net

Дизайни барномавӣ дар забони барномасозии PascalABC.Net. Аҳтам Назаров

Муаллиф
Сол
Саҳифаҳо
233
Забон
Нашр дар сомона
03.04.2026

Дар бораи китоб

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ ва барномасозон.


Асри XXI асри технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ буда, дар он омӯзиши забонҳои барномасозӣ ва сохтани барномаҳо нақши бениҳоят муҳимро мебозанд. Тавре медонем, забонҳои барномасозӣ аз системаи аломатҳо, нишонаҳо ва маҷмӯи калимаҳои калидие иборат мебошанд, ки амали муайянеро ба компютер нишон дода, барои фаҳмонидани алгоритм ба компютер истифода карда мешаванд. Ба калимаҳои калидӣ функсияҳо, операторҳо, фармонҳо ва дигар мафҳумҳои барномасозӣ дохиланд. Ҳар як забони барномасозӣ қоидаҳои синтаксисӣ ва калимаҳои калидии (хизматӣ) худро дорост. Қоидаҳо ва калимаҳои калидӣ дар вақти сохтани барнома барои компютер истифода бурда мешаванд. Синтаксис ва калимаҳои калидӣ ба барномасоз имкон медиҳанд, ки чӣ тавр бо истифода аз онҳо барномаи ҳалли масъаларо созад. Инчунин, дақиқан муайян намояд, ки бо истифода аз барномаи сохташуда компютер дар кадом ҳолат қарор мегирад, иттилоот чӣ тавр коркард мешавад, чӣ тавр сабт ва интиқол дода мешавад ва ниҳоят барнома бояд кадом натиҷаро диҳад. Истифодабарандаи барнома бошад, аз нуқтаи назари худ баҳо медиҳад, ки дизайни барнома чӣ гуна аст ва чӣ тавр коркард шудааст.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Дизайни барномави дар забони барномасозии PascalABC.Net, Ахтам Назаров, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).