PDF
Девон - Ашъори форсӣ (тоҷикӣ). Муҳаммадризо Огаҳӣ
Дар бораи китоб
Зиҳӣ, аз ҳуснат аҳли ҳуснро зебоҷамолиҳо,
Зи ишқат ошиқонро пояи соҳибкамолиҳо.
Ба завқи шаҳд васфи лаъли гӯёи равонбахшат,
Забонҳо ҳамчу тӯтӣ ёфта ширинмақолиҳо.
Ба сад тадқиқ натвон баста мазмуни даҳонатро,
Гусаста табъҳо, сарриштаи нозукхаёлиҳо.
Шуда занҷири гесӯи парешон тори мушкинат,
Дили девонагонро боиси ошуфтаҳолиҳо.
Ба дарди доғи ҳиҷронат касе, к-ӯ мубтало гардад,
Давояш нест ҷуз шому саҳар дилсӯзнолиҳо.
Чи шуд як ҷуръа махмурӣ, агар аз бодаи васлат,
Ба мастӣ то қиёмат мекунад ишратсиголиҳо.
Рамузи ошноӣ бо сухан равшан намегардад,
Магар дар шарҳи ӯ гардад забонҳо гунглолиҳо.
Макун таҳқир риндонро, ҳазо, к-аз тоати ноқис,
Ба даргоҳи Илоҳӣ хуштар ояд лоуболиҳо.
Ҳавои гулшани ҳамдат кунад гар Огаҳӣ ҳар гоҳ,
Ба чашми табъи ӯ бинмо гули мазмунолиҳо.