Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён
Файлҳо барои боргирӣ
PDF Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён.pdf 1.2 MB

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
23
Забон
Нашр дар сомона
13.04.2025

Дар бораи китоб

ХУРДТАРАКОНИ АЗИЗ!

Нашриёти «Адиб» соли ҷорӣ ба нашри "Дурдона" дигарбора оғоз бахшид. Агар дар хотир дошта бошед, ин силсила даҳ-дувоздаҳ сол пештар ҳамвора ба нашр мерасид. Шуморо аз намунаи навиштаҳои суханварони гузаштаву ҳозира бархурдор мекард.

Акнун мо аҳд бастем, ки ин силсилаи нахустинро аз нахустшоири тоҷику форс, шоири шоирон, устоди устодон Одамушшуаро Абуабдуллои Рӯдакӣ сар кунем. Чун диёри моро диёри шоирхез мегӯянд, аз Рӯдакӣ пештар Зардуштро нахустшоири олам медонистаанд, ки бо забони қадимаи мо китоби муқаддаси «Авасто»-ро навиштааст. Аммо ба омӯзиши Зардушту «Авасто» ҳанӯз ҳам ба пуррагӣ машғул нашудаем, ки камтар медонем.

Абуабдуллои Рӯдакӣ аз бузургтарин шоирони асри Х ба шумор рафта, аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст. Қиссаву достон, шеъру ғазал ва шоҳбайтҳои ҷовидонаву равонбахши ӯ баъд аз ҳазорсолаҳо ҳам вирди забон хоҳанд буд. Рӯдакиро асосгузори рубоӣ низ мегӯянд. Мутаассифона, аз миёни рӯзгори носозгор ва ҷангу ҷидолҳои бисёр миқдори каме аз навиштаҳои ӯ ба мо мерос мондааст.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Буйи чуйи Мулиён Буйи чуйи Мулиен, Абуабдуллохи Рудаки, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).