Алифбои ниёгон ва матн. Синфи 4

Алифбои ниёгон ва матн. Синфи 4. Азим Байзоев, Шаҳбоз Кабиров

Сол
Саҳифаҳо
88
Забон
Нашр дар сомона
08.04.2025

Дар бораи китоб

Алифбои ниёгон ва матн. Китоби дарсӣ барои синфи 4


Шогирдони азиз!

Алифбои ниёгон алифбоест, ки зиёда аз ҳазору дусад сол тамоми олимону адибон ва мутафаккирону таърихнависон асарҳои худро бо он эҷод намудаанд. Аммо аз сабаби надонистани алифбои мазкур мо аз он меросу ёдгориҳои фаровону арзишманд истифода бурда наметавонем.

Ин алифбо алифбои расмии бисёр кишварҳои исломӣ мебошад. Дар Тоҷикистони азизи мо низ, ба шарофати соҳибистиқлол шудан ва ба хотири пайвастан ба асли хеш, баъзе рӯзномаву маҷалла ва китобҳо бо он нашр мешаванд.

Бинобар ин, шумо - насли ҷавонро, ки ояндаи кишвар дар дасти шумост, зарур аст, ки ин алифборо аз худ намоед.

Дар назари аввал омӯхтану ёд гирифтани ин алифбо шояд душвор намояд. Лекин агар шумо бодиққат ва бо шавқу ҳавас ба омӯхтани алифбои ниёгон машғул шавед ва супоришҳои устодони худро сари вақт иҷро намоед, онро бе душворӣ аз бар мекунед.

Дар ин роҳ, шогирдони азиз, бароятон хониши аъло орзу мекунем.

Муаллифон

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Алифбои ниёгон ва матн. Синфи 4 Алифбои ниегон ва матн. Синфи 4, Азим Байзоев, Шахбоз Кабиров, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).