Адабиёти тоҷик. Синфи 6
Файлҳо барои боргирӣ
PDF Адабиёти тоҷик. Синфи 6.pdf 1 MB

Адабиёти тоҷик. Синфи 6. Хоҷа Қурбон Тоҳирӣ

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
200
Забон
Нашр дар сомона
28.09.2024

Дар бораи китоб

Китоби дарсӣ барои синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Нашри чорум.


Хонандагони азиз!

Адабиёт аз калимаи арабии "адаб" гирифта шудааст, ки маънои хушахлоқӣ, кирдори писандида, поктинатӣ, иффату (порсоӣ) ҳаё, донишу ҳунар ва таълиму тарбияро дорад. Тамоми ин сифатҳо, ки мансуби пиндору гуфтору рафтори неки инсонианд, ду ҷиҳати асосиро фаро гирифтаанд: яке – рафтори холӣ аз камбудиҳову нуқсонҳо, амалҳои зишту бад ва дигаре – ба маънои донишу ҳунар. Ба тариқи сода, адабиёт фаннест, ки одамиро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят менамояд.


Дар синфи шашум шумо аввал бо адабиёти шифоҳӣ, жанри шеърии рубоӣ, сипас чистону муаммо шиносоӣ пайдо карда, баъдан аз эҷодиёти шахсиятҳои варзидаи эҷодӣ– Унсурулмаолии Кайковус, Муҳаммади Ғазолӣ, Фаррухи Сиистонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Зиёуддини Нахшабӣ, Ибни Ямини Фарюмадӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ, Шавкати Бухороӣ, Нозими Ҳиротӣ, Аҳмади Дониш, Абулқосим Лоҳутӣ, Муъмин Қаноат, Саттор Турсун ва Сафармуҳаммад Айюбӣ баҳраманд мегардед.


Намунаҳое, ки аз эҷодиёти ин адибони бузурги адабиёти тоҷику форс барои мутолиа ва омӯзиши шумо пешниҳод гардидаанд, беҳтарин маводи маърифатӣ мебошанд. Ин қитъаҳои шеърӣ ва пораҳои насрӣ шодоб аз панду андарз ва ҳикмату афкори насиҳатомез буда, тафаккури бадеиву эстетикӣ, идроки арзишҳои волои инсонӣ ва малакаи пиндори дурусту воқеии зиндагии ояндаи шуморо равнақу сафо мебахшанд; ба шумо роҳи баҳрагириҳо аз таҷрибаи зиндагӣ ва расидан ба пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро фароҳам месозанд.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Адабиёти точик. Синфи 6 Адабиети точик. Синфи 6, Хоча Курбон Тохири, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).